Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони замини Ҳамбурги Олмон
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Маликшо Неъматов дар доираи боздиди кории худ аз шаҳри озоду бандарии Ҳамбурги Олмон бо Президенти Парлумони замини Ҳамбург хонум Карола Вайт мулоқот намуд. Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон рушди муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, хостори густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ бо шаҳри бандарии Ҳамбург гардид.
Сафири Тоҷикистон худи ҳамон рӯз аз корхонаи васлгарии ширкати тайёрасозии AirBus дидан намуд. М. Неъматов зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ таъкид намуд, ки ширкати Air Bus метавонад бо Тоҷикистон ҳамчун тавлидкунандаи ашёи хоми арзиз ва неруи барқ ҳамкории мустақими тиҷоратиро ба роҳ монад.
Дар доираи ин сафар Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти Шабакаи якуми телевизионии Олмон (NDR) шинос шуда, бо ҳайати эҷодии он мулоқот анҷом дод.
Ҳамзамон дар меҳмонхонаи Атлантик Кемпински Ҳамбург бо ташаббуси консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбург Куруш Пуркиён ва иштироки доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии музофоти Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






