Мулоқоти Шералӣ Мирзо дар Донишкадаи ҳарбии мамлакат
Душанбе, 23.09.2015, (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ вобаста ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муайяншудаи хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд, ҷамъомад баргузор намуд. Вазири мудофиа дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, риояи қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” сухан гуфта, аз иштирокдорони ҷаласа барои дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот баргузор намудани чорабиниҳои даъватӣ муносибати ҷиддиро талаб намуд. Ҳамзамон вобаста ба таҳлилу натиҷаҳои даъвати баҳории соли равон ва монеаю мушкилоти ҷойдошта, дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Ба иштирокчиёни ҷамъомад бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои мазкур баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






