Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон
Душанбе, 06.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул дар доираи иштирок дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таъмини амният дар сарҳади давлатӣ ва рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои шимоли Афғонистон, инчунин татбиқи барномаву лоиҳаҳои тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ тамаркуз карданд.
Зимни мулоқот инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






