Муроҷиати шаҳрвандон оид ба қаллобӣ
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Баъд аз он, ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба кирдори содиркардаи адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров Бузургмеҳр Равшанович иттилоъ дода шуд, шаҳрвандон ба воситаи телефони боварӣ (221-21-21) ба ВКД занг зада, оид ба дигар кирдорҳои ғайриқонунии ӯ муроҷиат намуданд.
Аз ҷумла, Ёров Бузургмеҳр Равшанович аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин сӯйистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 (ҳафт ҳазор) доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оид ба ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Б. Ҳоҷиев ҳал мекунанд.
Б. Ёров ва Б. Тоиров маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба Ҳоҷиев Б.С. зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи 7000 (ҳафт ҳазор) доллари амрикоӣ расонидаанд.
Аз рӯи далели мазкур нисбат ба гумонбаршудаҳо Ёров Бузургмеҳр Равшанович ва Тоиров Бадриддин парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки агар Б.Р. Ёров ва Б. Тоиров бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ бо чунин роҳ аз онҳо маблағ ситонида, ё зарар расонида бошанд, метавонанд ба телефони боварии ВКД ҶТ 221-21-21 ва телефонҳои 221-01-49, 222-15-09 занг зананд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






