Муроҷиатномаи ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2015 10:36

Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҳақиқат миллати куҳанбунёди тоҷик аз саодати бузурге бархурдор аст, зеро он соҳиби давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона гардидааст. Имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён дар сулҳу ваҳдат ва амнияти комил умр ба сар мебаранд. Мо хушбахтем, чунки давлат дорем ва амнияти давлату таъмину оромии ҷомеа имрӯзҳо фароҳам оварда шудааст. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, шоҳиди он мегардем, ки баъзе халқу миллатҳо даҳсолаҳову садсолаҳо барои мустақилият мубориза мебаранд, аммо ба он мушарраф намешаванд. Биноан, ҳифзи соҳибистиқлолии давлат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, пос доштани забон, анъанаҳо ва аз ҷиҳати маънавӣ инкишоф ёфтани ҷомеа вазифаи душвори ҳар яки мо, дар баробари ин вазифаи амалишаванда ба ҳисоб меравад. 
Ҳамасола мардуми кишвар бо ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ рӯзи 9-уми сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин ҷашн чун ҷашни муқаддастарин ҷой гирифта, мардум барои истиқболи он бо шаҳомати хосса омодагӣ мебинанд. Дар арафаи ин ид чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва оммавию маънавӣ гузаронида, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро бо ифтихор мавриди назар қарор медиҳанд ва оид ба дурнамои неки рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар тасмимҳо мегиранд. Ин аст анъанаи неки мардуми шарафманд, ки фазои обод ва мусоиди Тоҷикистонро пос медоранд, дастурҳои пешвои миллати худ – Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи ҳаёти худ қарор медиҳанд, ки чунин фазоро бо кӯшишҳои худ фароҳам овард, зиндагии шоистаи мардуми шарафманди Тоҷикистонро ҳадафи асосӣ интихоб намуда, баҳри он талош меварзанд.
Аммо дар байни ҷомеа афроде мисли «паразитҳо» пайдо мешаванд, ки фазои мусоид, ободонӣ, сармоягузориҳо, сохтмонҳои азим, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд шудани сифати маорифу фарҳанг ва маънавият ва умуман  ободии кишварро чашми дидан надоранд. Чунин афрод танҳо аз бесарусомонӣ ва ноаёнӣ «ғизо» мегиранд ва барои онҳо Ватану миллат, модару фарзанд ва хешу ақрабо қиммате надоранд. Баҳри мақсадҳои ғаразноки худ аз ҳама гуна воситаҳо истифода мебаранд ва фазои оромро ноором месозанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш ташкил гардидааст. Ин ниқоби ӯро то ин дам ҷомеа симои ҳақиқии ӯ меҳисобид.
Чунин амали ноҷавонмардона ва зиддидавлатию зиддиконститутсионӣ боз дар арафаи ҷашнгирии 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварро бисёр андӯҳгин кард. Мақсади ин террористон ноором кардани фазои орому идонаи кишвар ва ноумеду рӯҳафтода кардани мардуми кишвари азизамон буд. 
Дар баробари ин ҳамасола таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ва шарикони стратегӣ барои сармоягузорӣ намудан ба Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, ки ин ба рушду равнақи кишварамон оварда мерасонад. Ин дурнамо онҳоро ба ҳарос гузошт, ки минбаъд онҳо ба ҳадафҳои ғаразноки худ ноил гардида наметавонанд. Дар ҷомеаи солим шахсони соҳибмаълумот, мутахассисон, поквиҷдону софдил, ватандӯст ва аз ҷиҳати маънавӣ бой зиёдтару зиёдтар гардида истодаанд ва албатта, онҳо дарк намуданд, ки дигар ҷойи онҳо дар ин ҷомеа нест, чунки худ поквиҷдону ватандӯст нестанд. Биноан онҳо хостанд, ки ба мисли таҷрибаи талхи тоҷикон боз фирори ақлҳо сурат гирад.  Аммо мардуми Тоҷикистон инро хуб дарк менамоянд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки нақшаҳои ин террористон амалӣ гарданд.
Чун дигар террористон инҳо низ мақсади тарсонидани аҳолии кишварро доштанд. Аммо мардуми сарбаланди тоҷик аз ин ҳодиса ба ҳарос наомада, бо ҳисси ватандӯстии махсус Иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Чунин амал аксуламал ва ҷавоби пурзӯртарини мардуми ваҳдатдӯсти тоҷик ба амалҳои ин террористон ва хоинони миллат мебошад. Бо чунин амали худ мо исбот кардем, ки аз террористон наметарсем ва ба дасисабозиҳои онҳо дода намешавем. 
Мо, тоҷикон даҳшати ҷанг ва оқибатҳои манфии онро хуб медонему ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки фазои орому босуботи кишвар халалдор шавад. Агар дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта ба душманони давлату миллати мо муяссар гардид, ки ба сари мо ҷанги таҳмилиро бор кунанд, пас ин амали онҳо дар асри ХХ1 ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Мардуми ваҳдатдӯсти тоҷик аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 таҷрибаи талх гирифта, пеши роҳи ҳамаи амалҳои зиддиконститутсиониро мегирад. Илова бар ин Тоҷикистони ибтидои солҳои 90-ум аз Тоҷикистони имрӯза ба куллӣ фарқ мекунад. Дар тӯли 24 соли соҳибихтиёрӣ кишвари мо дар соҳаҳои ҳарбӣ ва амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Мо бовари комил дорем, ки мақомоти дахлдори кишвар дар муддати кӯтоҳтарин ин ҷинояткоронро дастгир мекунанд ва онҳо ҷазои сазовори худро мегиранд. 
Тамоми мардуми кишвар ин амали зиддидавлатиро маҳкум мекунанд ва кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, ки чунин амалҳо дар давлати мо рух надиҳанд. Ҳамкории шаҳрвандони кишвар бо мақомоти қудратӣ шаҳодати он аст, ки мардум мехоҳанд дар Тоҷикистон сулҳу амният пойбарҷо бошад ва ҷинояткорон дастгир шаванд. 
Ҷаҳони муосир бисёр мураккаб ва ноамн гардидааст. Ҳар лаҳза дар ин ё он гӯшаи олам бетартибию таркиш ва ҷангу кушторҳои зиёде сар мезананд. Танҳо дар ҳолати дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ давлатҳо метавонанд ҳамчун субъектони мустақил боқӣ монанд. Дар шароити муосир муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои барҳақ — Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ,  тарбияи ҷавонони ботамкин ва ҳифзкунандаи манфиатҳои миллӣ, ташаккули ҷомеаи навини тоҷикон дар заминаи анъана ва урфу одатҳои нексириштӣ, ташаккули шакли нави муосири муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми кишвар метавонад кафолати устувор гардонидани саоҳибистиқлолии комил гардад. 
Бори дигар мо ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иброз медорем, ки амалҳои террористии дар таърихи 4-уми сентябри соли 2015 бавуқӯъомадаро куллан маҳкум карда, ба оилаҳои қурбониёни ин амалҳои ваҳшиёна ҳамдардии худро баён мекунем.
 Ташкилкунандагони ин амалҳо ва пуштибонону ҷонибдорони онҳо – террористон ва экстремистонро хоинони давлату миллат меҳисобем. Ҷиноятҳои содиркардаи онҳо бахшанда нест!  

Сентябрь 15, 2015 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад