Муроҷиатномаи ҷамъиятҳои тоҷикони Санкт-Петербург ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон
Ҳамватанони азизу гиромӣ,
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо тоҷикони Шимолу Ғарби Россия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград кору зиндагӣ дошта, чанд руз аст тариқи васоити ахбори умум аз ҳодисоти дар Ватан рухдода вобаста ба ҷинояти Абдуҳалим Назарзода ва шарикони ӯ зиёд андуҳгин буда, хостори он ҳастем, ки ҳарчи зудтар ин амалиёти хоинона қатъ гардад ва дар арафаи ду иди гиромидошт — 24 солагии Истиклолияти давлатӣ ва Иди Қурбон халқу Ватан онҳоро орому осуда ҷашн бигиранд.
Ба ҳамаи мову шумо ҳамдиёрон маълум аст, ки дар фазои ноороми ҷахон кишварҳои қудратманд мехоҳанд ба воситаи такон додани давлатҳои хурду номустақил мавқеи худро дар ин сарзаминҳо мустаҳкам намуда, аз сарватҳои табиии ин давлатҳо манфиатдор бимонанд. Чуночи мебинем, аз инқилоби давлатҳои арабӣ ва нооромиҳои Ироқу Сурия то ҳодисаҳои хунини Ҷумҳурии Укроин, ҳама мушкилӣ сари мардуми осоишта, ба фирору гурези онҳо бо сарпастиҳо дар назди дигар миллатҳо анҷом меёбанд. Дар ҳар минтақа бо иделогияи хоси худ бар ҳиссиёти миллатҳои ин давлатҳо назарияҳои иқтисодиву диниву мазҳабӣ офарида, зиндагии осудаи онҳоро шур медиҳанд. Ба ҳамин монанд лоиҳаи дигаре — «Давлати Исломи»-ро ба роҳ мондаанд, ки ин чӣ гуна давлат аст ва дар кадом сарҳади хоку замин бояд ҷой бигирад ва ӯро ба кадом миллати одамият мутааллиқ гузоранд, ҳеҷ кас намедонад ва бо роҳи пулу сармоя, бародари муъминро бо муъмин ҷанг андохта, ҳазорон нафар кушта ва гурезаву бе хонаву сарпаноҳ мемонанд. Ҳамчунин, ҷавонони миллати мо низ аз пушти ин фикри куронаи молу ҷоҳ ба қурбонӣ рафта, фикри оҳи модарон ва бесарпаноҳии фарзандонашонро аз сар бурун мекунанд.
Хамватанони азиз! Дар тӯли ҳазорсолаҳо чандин давлатҳо суқут карда, чандин қавмияту миллатҳо пароканда шудаанд. Дар Хуросони Бузург ҳоло чанд давлату миллатҳои ҷудогона зиндагӣ доранд, ки як пора хоки хурдаш насиби мардуми бумии мо Тоҷикон мондааст. Ва ҳам акнун душманони миллати мо мехоҳанд ба мисли 24 сол пеш боз моро дар таҳлука андозанд. Мо набояд фирефтаи ин душманон бошем. Давлатеро, ки бо хуни чандин ҳазор шаҳидон бо Сарқонун ва Нишону Парчамаш пойдор намудем, дигар аз даст надиҳем. Касе мехоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ биояд ва ба мисли мо бо меҳнати ҳалол кору зиндагӣ кунад, мо ҳаматарафа ба онҳо ёрӣ мерасонем. Бигузор бо музди меҳнат ба ёру бародарон ва аҳли оилаашон кумак намоянд.
Мо роҳбарону фаъолони Диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт- Петербург «Сомониён», «Помир», «Аҷам», «Занони Ҷаҳон» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарпарастии Консули фахрӣ Мирзода М.М. ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ доимо дар робита ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов сиёсати давлат ва миллатамонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, дар якҷоягӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ин ҳама кору амали ношоистаи гуруҳҳои ҷиноятпешаро маҳкум менамоем ва аз мардуми хирадманди Тоҷикистон хоҳишмандем бо ёрии вазоратҳои дахлдор барои саркуб кардани ҳама қонуншиканиҳо якдилона мубориза баранд.
шаҳри Санкт-Петербург
15 сентябри соли 2015








Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд






