Муроҷиатномаи ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ ба кулли ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мо, иштирокдорони ҷамъомади ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯзҳои ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъ омада, бо камоли ифтихору сарфарозӣ, аз самими қалб ва садоқати бепоён ба Давлату истиқлолияти ватанамон, ба ҷавонон ва кулли мардуми шарифи кишвар муроҷиат мекунем:
Ҳамсолон, ҳамсабақон, дӯстон ва ҳаммеҳанони азиз! Ба хотири сарзамини куҳанбунёду сарсабзамон, абадӣ ҳукмрон будани Истиқлолият ва сарчашмаи ифтихору сарбаландии наслҳои оянда, пойдории сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ ва хушбахтию осудаҳолии мардуми кишвар ба Шумо муроҷиат менамоем!
Меҳнати созандаю бунёдкорона, хониши аъло ва ахлоқи ҳамидаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, тамоми амалҳои носавоб ва падидаҳои номатлуби аз ҷониби хоини Ватан Абдуҳалим Назарзода ба вуқуъ пайвастаро маҳкум менамоем.
Сиёсати давлат ва Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмонро пурра ҷонибдорӣ намуда, намегузорем, ки ягон нохалаф Истиқлолият ва сулҳу оромию осоиштагии моро халалдор созад.
Бигузор нури истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бароямон раҳнамо ва ҳидоятгари фатҳу нусратҳои оянда бошад!
Муроҷиатнома дар ҷамъомади фаъолҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ қабул гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






