Муроҷиатномаи фаъолзанони ноҳияи Рашт ба бонувони кишвар
Модарону хоҳарони азиз!
Душанбе, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раванди босуръати тағйирёбии вазъият дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон, ки бар асари талошҳои як қисм кишварҳои абарқудрат баҳри густариши ҳудудҳои нави зери нуфузи худ сурат мегирад ва оқибатҳои мудҳишеро пеш меоварад, ҳеҷ як фарди солимандеши ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Хоҷагони манфиатдор ва афроди ғаразҷў кўшиш менамоянд бо дасти гурўҳу созмонҳои ифротию террористӣ зери парчаму шиорҳои марбут ба дини мубини Ислом ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Ҳодисаи нанговар, ки дар таърихи 4-уми сентябри соли равон аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммаслакони ў рух дод, бори дигар собит месозад, ки ба амалҳои кардаи онҳо аъзои ҲНИТ шарик мебошанд. Ин гурўҳи хиёнатпеша тавонистанд дар лаҳзае ҷони 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз байн бубаранд. Магар ин аз гўшаи имондорию мусалмонист?
Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷигархун сохтани наздикону пайвандони муҳофизони Ватан магар аз оини ҷавонмардист? Ин амали хоинони Ватанро на Худо мебахшаду на бандагонаш.
Офаридгор ҳаётро барои инсон як бор насиб гардонида, беҳтарин неъматҳоро ҳадя кард, то тавонем аз ҳама лаззатҳои дунёӣ баҳравар шавем, вале афсус, ки ба қадри ин ҳама атои Яздонӣ нарасидаву рў ба ҷаҳолату гумроҳӣ овардани бархе аз фарзандон имрўз модаронро боиси нигаронӣ намудааст.
Оила,ки нахустин ҳалқаи занҷири ҷомеаи башарист, дар шароити феълӣ нуқсон пазируфта аст. Ва ин нуқсон (пошхўрии оилаҳо) метавонад сабабгори таназзули ҷомеа гардад. Барои пойдории оила ҳамин маъниро мебояд дарк намуд, ки бунёди оила ҳавову ҳавас набуда, волидон набояд дар ташвиқи ҷавонони пурра ба камол нарасидаву, маънии оила, зану шавҳарӣ ва тарбияи фарзандро дарк накарда, шитоб намоянд.
Пайравии писарону духтарон ба фарҳанги либоспўшии бегона, писарон бо ришу куртаи дарозу шалвор, духтарон бо сатру ҳиҷоб, ки ба анъанаҳои аҷдодии мо робитае надоранд, боиси нигаронист ва сари он ҷиддан бояд андеша намоем.
Воқеан ҳар фарде, ки худро инсони комил меҳисобад, бояд ба қадри неъматҳои илоҳӣ аз қабили озодию истиқлол, ваҳдату осоиши меҳани азизамон, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, бирасад.
Ба андешаи мо занони Раштонзамин барои ҳар як зану модари тоҷик ҳам қарз ва ҳам фарз аст, ки аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон,Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, нагузорем фарзандоне, ки худ тарбияи онҳоро ба дўш дорем, аз пайи нохалафон раванду вазъи ҷомеаи навини моро халалдор созанд ва номи миллати тамаддунофарамонро доғдор намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






