Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов – дар нимфинали мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). –Варзишгари маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар пойтахти Тайланд, шаҳри Бангкок ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Ба иттилои Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни то 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор мешавад, рақиби муштзани тоҷик аз Қазоқистон мебошад
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат дорад, ки ин дар таърихи сабқати қитъавӣ шумораи рекордист.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






