Нагузоред миллат бори дигар ба вартаи нооромиҳо ворид шавад!

Сентябрь 21, 2015 06:34
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мо, гурӯҳи кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон исёни генерал Ҳ. Назарзода ё худ «ҳоҷӣ Ҳалим»-ро қотеъона маҳкум менамоем!  Ин исён мардумро бори дигар водор сохт, ки воқеоти мудҳиши солҳои 90-умро ба хотир оранд. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо чӣ гуна хисороти моливу ҷонӣ дида, рушди мамлакат ба даҳсолаҳо қафо рафт. Дар шароите, ки мо зина ба зина ин хисоротро паси сар намуда, ба зинаи муайяни инкишоф баромадем, ин исён аз нав ба талафоти ҷонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ оварда, ваҳдати бо азоб ба даст омадаро халалдор сохт.
Ифротгароён ва ҳаммаслакони онҳо бояд донанд, ки Тоҷикистон имрӯз он давлати ҷангзадаи солҳои 90 набуда,  пурра метавонад аз бехатарии мамлакат дифоъ намояд.
Мо имрӯз бояд дар атрофи Президенти мамлакат баҳри мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ дар мамлакат ҷаҳд намоем ва нагузорем, ки миллати мо бори дигар ба вартаи нооромиҳо ворид шавад!

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ, профессор  З.И. Акрамов 
Ҷонишини директори институт, номзади илмҳои таърих, А. Ғафуров
Мудири шуъбаи институт, профессор А. Раҷабов

        
 
Сентябрь 21, 2015 06:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид