Намоишгоҳи амволи Ҳиндустон дар Хуҷанд
Хуҷанд, 29.09.15. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). — Аз 2 то 11 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоишгоҳи фурӯши амволи Ҳиндустон доир мегардад.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ мешавад.
Дар намоишгоҳ беш аз 35 ширкати Ҳиндустон маҳсулоти худро ба сокинони вилоят арза медоранд.
Сокинони Хуҷанд метавонанд дар намоишгоҳ бо маснуоти заргарӣ, атторӣ, нассоҷӣ, бахши дорусозӣ ва маҳсулоти таббохӣ шиносоӣ пайдо кунанд ва харидорӣ намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






