Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ дар Душанбе
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 14 ва 16-уми октябр дар «Кохи Борбад» 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ-2015 баргузор мегардад. Ин намоиш аз муҳимтарин чорабинии байналмилалиест, ки ба ташаккули бозори истеҳсолот, рақобати кишоварзӣ ва рушди саноат дар Осиёи Марказӣ таъсири калон дорад.
Намоишгоҳ бо пешбарии ташкилоти Expo Central Asia ташкил мешавад. Мавриди зикр аст, ки ин ширкат соли 1990 таъсис ёфтааст.
Иштирокчиёни ярмаркаро зиёда аз 120 кишвари дунё ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар намоиш намояндагони бахшҳои гуногуни кишоварзӣ ва саноати коркарди беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Русия, Украина, Беларус, Финландия, Булғористон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Гурҷистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин Эрон, Италия, Олмон, Гурҷистон, Швейтсария, Голландия, Фаронса, Италия, Озарбойҷон ширкат меварзанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






