Намояндагони доираҳои тиҷоратии Бошқирдистон ба Душанбе меоянд

Сентябрь 25, 2015 05:57

 Душанбе, 25.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Бошқирдистон таҳти сарварии Павел Бармин-ноиби  президенти Палатаи савдо ва саноати ин кишвар 4 октябр ба Душанбе меояд. Ба ҳайати Бошқирдистон роҳбарону намояндагони ширкатҳои  «Южно-Уральский Весовой Завод», «Русь», «Азия-Инвест»,  «Сервис Монтаж Интеграция» ва «Шифер» шомиланд. Бино ба иттилои Мукаммал Раҷабӣ -сухангӯи Палатаи  савдо  ва саноати кишвар ҳайати доираҳои тиҷоратии Бошқирдистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, соҳибкорону тоҷирони тоҷик, инчунин бо  роҳбарияти намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон мулоқот  менамояд. Ҳайати доираҳои тиҷоратии Бошқирдистон ҳамзамон зимни сафарашон ба Тоҷикистон аз Саридораи геологияи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ширкати ТАЛКО,  Агентии назорати маводии нашъаовари  назди Президенти кишвар, ширкату корхонаҳои «Тоҷкабел», «ТАДЭС», «Tradewary» ва «Институт Гидропрпоект» боздид менамоянд.
            Инчунин намояндагони тиҷоратии Бошқирдистон ба вилоятии Хатлон  сафар карда, бо роҳбарияти вилояти Хатлон ва соҳибкорону тоҷирони ин вилоят мулоқот  намуда, аз минтақаҳои озоди «Данғара» ва «Панҷ», инчунин аз марказҳои фарҳангии Тоҷикистон, назири Осорхонаи миллӣ,  «Кохи Наврӯз», Маркази исмоилиҳо, боғи «Ирам» ва дараи Варзоб боздид хоҳанд кард. 

 

Сентябрь 25, 2015 05:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид