Нашъаҷалобон дастгир шуданд

Сентябрь 21, 2015 05:33

Душанбе, 21.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи  шабонарӯзҳои гузашта  кормандони  Агентии  назорати  маводи  нашъаовари   назди  Президенти  ҶТ ҳангоми роҳандозии се  амалиёти  фаврӣ шаш   шаҳрвандеро, ки  ба  муомилоти  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  машғул  буданд,  дастгир  карданд.  
Тавре  ки  Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  ҶТ хабар  медиҳад,  дар  ҳудуди  ноҳияи  Рӯдакӣ  ду нашъаманд дастгир  шуда, аз онҳо як  миқдор  героин  мусодира  гардид. 
Кормандони  раёсати Агенти назорати  маводи  нашъаовар  дар  вилояти  Хатлон  аз  манзили   сокини  47 — солаи  шаҳри  Қӯрғонтеппа  як  миқдор  тарёкро пайдо  ва  мусодира намуданд.
Кормандони  шуъбаи  мубориза  бо  маводи  мухаддири   вилояти  Суғд  се   сокини шаҳри  Хуҷандро  дастгир  намуда,  аз  онҳо се  бастаи  селофании дорои  тарёкро  пайдо  намуданд. 
Дар  натиҷаи тафтишот  маълум  шуд, ки  яке  аз  дастгиршудагон қаблан  барои   гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир ҳукм  шуда будааст. 
Тафтишот  аз аз рӯи  ҳамаи ҳодисаҳои  зикршуда  идома дорад.

Сентябрь 21, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид