Неруҳои ҳарбии Миср 27 силоҳбадастро нобуд сохтанд
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Неруҳои ҳарбии Миср зимни амалиёти навбатӣ дар нимҷазираи Синай 27 силоҳбадасти ҷиноятпешаро маҳв карданд.
Бояд гуфт, ки дар давоми чанд рӯзи амалиёт 57 силоҳбадаст кушта шуда, 154 тани дигар дастгир гардиданд. Аз боздоштшудагон миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид.
Ёдовар мешавем, ки муддати ду сол боз неруҳои ҳарбии Миср дар нимҷазираи Синай бар зидди силоҳбадастон амалиёти низомӣ мегузаронанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






