Ҳокими худхонди «Толибон» дар яке аз вулусволии Нангарҳор дастгир шуд
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи амалиёти раёсати амнияти миллии Афғонистон дар музофоти Нангарҳор ҳокими худхонди вулусволии Назён мавлавӣ Рафиуллоҳ дастгир гардид.
Бино ба иттилои оҷонсии «Афганистан.ру», ҳамроҳ бо ӯ 5 ҷангии дигари бо номҳои Ҳидоятуллоҳ, Батиуллоҳ, Атикуллоҳ, Холид ва Усмон маъруф дастгир шуданд. Зимни бозпурсӣ ҳокими худхонда иттилоъ дод, ки бо пешвои толибон мавлавӣ Қаюм, ки ҳоло дар шаҳри Пешовари Покистон қарор дорад, робита дошт.
Ҳамчунин кормандони раёсати амнияти миллии Афғонистон як ҷангии дигари толибонро дастгир карда, аз ӯ минаҳои магнитӣ мусодира намуданд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






