Ошкорсозии маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузашта аз ҷониби «Тоҷикстандарт»

Сентябрь 10, 2015 03:39

Душанбе, 10.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш нозирони  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт»)  миқдори калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор караданд.
Бино ба иттилои Агентии мазкур кормандон дар анбори нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ “Фирдавсӣ бартар-Этко” маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ба миқдори 334 кг картошкаи бирёншудаи “Маз-Маз”, 621 кг маҳсулоти қаннодӣ, 150кг донаи офтобпараст, 324 кг консерваи лубиёгӣ ва зардолу, 1700 кг консерваи моҳигӣ ва 432 кг гўшти мурғ ошкор карданд.
Ҳамчунин дар раванди гузаронидани санҷишҳо дар нуқтаҳои савдо аз тарафи нозирони нозироти савдои Агентӣ  ба миқдори 765 литр нушокиҳои ташнашикан, 196 кг маҳсулоти қаннодӣ, 31 кг қандчаҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Чин, 12 кг чойи хушк, 20 кг маҳсулоти ширӣ ва монанди ин ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардида нисбати онҳо чораҳо андешида шуд.

 

Сентябрь 10, 2015 03:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад