Ҳосили ангур ва полезиҳо фаровон гардидааст

Сентябрь 2, 2015 08:44

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба маълумоти фаврии раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ  ба миқдори 31351 тонна мева ва 61186 тонна ангур ҷамъоварӣ  шудааст. Истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2163 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар  полезиҳо кошта шудаанд, ки   ҳосили 15075 гектари он ҷамъоварӣ  шудааст. Ҷамъоварии ҳосили полезиҳо нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 1769 гектар афзунтар аст. То имрўз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 303237 тонна полезиҳо истеҳсол  шудааст, ки дар  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44731 тонна бештар буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 201,2 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбати ин дар  ҳамин давраи соли гузашта 6,9 сентнер зиёд аст. 

 

Сентябрь 2, 2015 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад