Оё бо баста шудани ҲНИТ эътиқоди динӣ ва имони мусулмонони Тоҷикистон кам мешавад?

Сентябрь 28, 2015 12:05

Душанбе, 28.09.2015, (АМИТ «Ховар»). – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ворид кардани калимаи ислом дар номи ҳизб худро ҳамчун ҳомии ислом муаррифӣ мекард. Оё бо баста шудани ҲНИТ эътиқоди динӣ ва имони мусулмонони Тоҷикистон кам мешавад? Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба чанд нафар муроҷиат кард.
Мавлавӣ Абдураҳими Карим, мударриси Донишкадаи Исломӣ.
Ман баъди оштии миллӣ ва Истиқрори сулҳ расман аз сафи ҲНИТ хориҷ гаштам. Зеро дарёфтам, ки дар дини мубини ислом ягон ҳизби исломӣ вуҷуд надорад ва ҲНИТ низ барои мусалмонони Тоҷикистон бегона аст. Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва шарикони ӯ бо мақсадҳои нопок ғарзҳои сиёсии ташкилотҳои террористиро дар дохили кишвар ба тариқи пинҳонӣ дастгирӣ менамуданд. Аз хатари ҲНИТ бо тариқи доимӣ ҷомеаро огоҳ месохтам ва ҳатто ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳониёни кишвар тавассути оинаи нилгун, ноҷавонмардии пешвоёни ҲНИТ-ро дар Афғонистон фош сохтам ва хоҳиш намудам, ки мардуми азизи Тоҷикистон ҳушёр бошанд, ки ҲНИТ боз ҷомеаи моро ба ҷанг мекашад ва ба қавле «дар зери бағалашон санг» гирифта мегарданд. 
Бояд қайд намоям, ки вақте ба сари мазҳаби мардуми тоҷик, мазҳаби Абуҳанифа санги маломат мезаданд, ҲНИТ хомӯширо ихтиёр мекард ва боре ҳам вокуниш нишон намедод. Ин маънои онро дошт, ки аллакай аъзоёнаш мазҳабашонро фурӯхтаанд. Баста шудани ҲНИТ ба эътикоди динии сокинони Тоҷикистон ягон таъсире намерасонад. 
Нурзода Муслиҳиддин, омӯзгори ҷавон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
— Ба андешаи ман имон, ки эътиқоди қалбист, зиёда аз 1400 сол дар рафтор ва зиндагии миллати тоҷик зоҳир гардидааст. Бояд донист, ки аз қадимулайём эътиқоди динии мардуми тоҷик бо ягон ҳизбу ҳаракатҳое, ки агарчӣ исми исломӣ доранд, пайваста нагардида буд. Яқинан метавонем бигӯем, ки баста шудани ҲНИТ хеҷ хатаре ба эътиқоди динии мардуми тоҷик надорад. Зеро миллат эътиқоди худро аз сарчашмаҳои динӣ, яъне Қуръону аҳодиси набавӣ мегиранд, ки ин ду сарчашма бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастраси миллат гардидааст. 
Нуров Маҳмадёр, муовини сардори хадамоти муфтиёти шаҳри Санкт-Петербург
 — Ҳаргиз эътиқоди динии мардуми бошарафи Тоҷикистон бо ягон ҳизб алоқаманд набуду нест! Баръакс, вақте ки Ҳизби наҳзат вуҷуд надошт сокинони Тоҷикистон новобаста ба маҳдудиятҳои замони шӯравӣ дину имони худро пок нигоҳ дошта, то ба насли имрӯза оварда расонид. Аммо ин наҳзатиён исломро ба сиёсат олуда карданду ҳаммаслакони онҳо дар хориҷи кишвар, бо содир кардани амалҳои террористӣ, ба номи поки ислом доғ меоранд. Бинобар ҳамин ҳар чӣ зудтар баста шудани ҲНИТ ба манфиати сокинони Тоҷикистон мебошад.
Раҳмонзода Абдуло, раиси ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони ватан»
— Пеш аз ҳама мехостам таъкид намоям, ки шарти асосии фаъолияти ин ё он ҳизби сиёсӣ риояи қонунгузорӣ ва дархости мақомоти давлатӣ мебошад. Ҳаводиси рӯзҳои охири дар кишвар ба амаломада мақсадҳои нопоки ҲНИТ ва чеҳраи аслии роҳбарияти ин ҳизбро ба намоиш гузошта, асоснокии изҳороти Вазорати адлияи кишварро дар хусуси фаъолияти ғайриқонунии ин ҳизб исбот намуд. Модоме ки ин ҳизб қонуншиканӣ карда, рӯзгори осоиштаи сокинонро халалдор мекунад, пас чӣ тавр он метавонад худро ҳомии ислом муаррифӣ кунад? Баста шудани ҲНИТ ягон пайомади манфӣ дошта наметавонад ва ба эътиқоди динии сокинон низ таъсире намерасонад. 
Абдураззоқов Мавлонҷон, раиси ҷамъияти тоҷикзабонони деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон
— Тавре ки аз изҳороти мақомоти расмӣ бармеояд дар ҳодисаҳои фоҷеавии моҳи сентябр рӯйдода аъзо ва тарафдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бевосита иштирок кардаанд. Аз ин бармеояд, ки онҳо ба эътиқоди динӣ ва имони сокинони Тоҷикистон ягон зарра ҳурмату эҳтиром надоранд. Баста шудани ҲНИТ барои амнияту осоиштагӣ ва сулҳу суботи доимии Тоҷикистон зарур аст.

 

Сентябрь 28, 2015 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд