Падидаҳои номатлуби фарҳанги либоспӯшии занону ҷавондухтарон

Сентябрь 4, 2015 05:57

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирон, шуъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе, фаъолзанон ва раисони шаҳракҳои ин маҳаллаҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, аз падидаҳои номатлуби вақтҳои охир изҳори нигаронӣ намуда аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, фарҳанги либоспӯшии занону ҷавондухтарон, тақлид ба фарҳанги бегона, ки ба  равону  ҷаҳонбинии занону духтарони мо таъсири манфии худро мерасонад андешаронӣ намуда аз иштирокдорон ҳисси баланди ватандорӣ, аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда барои пешбурди кор дар ин самт таклифу пешниҳодҳои судманд дод.

 

Сентябрь 4, 2015 05:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад