Пешсафӣ дар ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор
Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Шашумин «Барномаи пешсафии ҷавонони Осиёи марказӣ, пешсафӣ дар ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор» аз 14 то 22 сентябр дар шаҳри Алмаато ҷараён мегирад.
Дар барномаи мазкур мутахассисон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок доранд. Маҳмадалӣ Қурбонов — номзади илмҳои иқтисод, директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҳайати Тоҷикистонро дар барнома муаррифӣ дорад. Қарор аст роҳбари гурӯҳ М. Қурбонов дар ин барнома дар мавзӯи “Равиши нав ба иқтисоди сабз дар доираи рушди устувор” сухан гӯяд.
Инчунин дар барнома 5 мутахассиси дигар аз Тоҷикистон иштирок мекунад.
Чорабиниро маркази экологии минтақавии Осиёи марказӣ дар ҳамкорӣ бо UNEP бо кумаки Ҳукумати Норвегия ва маркази САҲА дар Остона ташкил намудаанд.
Дар барномаи мазкур инчунин таваҷҷуҳи зиёд ба мавзӯъҳои расидан ба мақсади рушди устувор дар Осиёи марказӣ, гузариши кишварҳо ба иқтисоди “сабз”, истифодаи сарфакоронаи захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, баробарии гендерӣ, истифодаи босамари барқ ва рушди устувори энергетикӣ дода мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






