Президент: Номгӯи васеи субъектҳои дорои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ҳатто дар мамлакатҳои пешқадами дунё вуҷуд надорад
Душанбе, 17.9.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010 қонунгузорӣ номгӯи васеи субъектҳоеро, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, муайян кардааст, ки чунин номгӯй ҳатто дар мамлакатҳои пешқадами дунё вуҷуд надорад. Дар ин бора Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия» иброз дошт.
«Мақсад аз ин иқдом, аввалан, пурра аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузорӣ ва мувофиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи мамлакат ва баъдан, ба меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баробар кардани сатҳи қонунгузории миллӣ мебошад”, — тазаккур дод Сарвари давлат.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муътакид бар он аст, ки зарур аст, фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд боз ҳам беҳбудӣ бахшида шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






