Президенти Қирғизистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СААД вориди Душанбе шуд
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе гашт.
Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Арманистон Серж Саргисян, Белорус Александр Лукашенко, Федератсияи Русия Владимир Путин вориди шаҳри Душанбе мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҳамзамон дар Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод, субҳи имрӯз вориди Душанбе гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






