Президенти Тоҷикистон: Имрӯз илм ба манбаи бисёр арзишманд ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст

Сентябрь 18, 2015 05:49

Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-«Агар мо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия аз зинаҳои поёнӣ, хусусан аз зинаи муассисаҳои томактабӣ ғамхорӣ зоҳир накунем, истифодаи васеи дастовардҳои техникӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро мақсаднок ба роҳ намонем, омода кардани насли ояндасоз ва пешрафти иқтисодии Ватани азизамонро таъмин карда наметавонем, зеро талаботи замон барои аз худ намудани донишҳои муосир торафт ҷиддӣ гардида, имрӯз илм ба манбаи бисёр арзишманд ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст”,-изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 119 дар ҷамоати деҳоти Раҳмонови шаҳри Турсунзода. 
Дар баробари дастгирии давлату Ҳукумати кишвар ҳар як падару модар ва аҳли ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа аз сатҳи донишу малака ва маҳорати кадрҳо, ки ташаккули онҳо маҳз дар мактаби миёна шурӯъ мешавад, вобастагии калон дорад. 
Ба таъкиди Сарвари давлат ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки мо фарзандони худро аз хурдсолӣ соҳиби донишу маърифат гардонем, то онҳо минбаъд касбу ҳунари ҷавобгӯи замони имрӯзаро аз худ намуда, дар шароити даврони пешрафт зиндагӣ ва фаъолият карда тавонанд ва дар рушди давлату ҷомеа ҳиссаи арзанда гузоранд. 

 

 

Сентябрь 18, 2015 05:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад