Раиси Чин: “Мо бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешимро дар Тоҷикистон бо 3 ҳадафи стратегии Ҳукумати ин кишвар ҳамоҳангу ҳамқадам месозем”
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро гарму самимӣ ба Пекин барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон хайра мақдам гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи бузурги “бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим” ҳамаҷониба мусоидат намуда, ин амалро бо 3 ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон — таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳонидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамоҳангу ҳамқадам хоҳад кард”.
Си Ҷинпин ҳамчунин изҳор дошт, ки Чин барои навсозии пурраи роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва ҳамоҳангсозии панҷҷониба ва сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






