Расонаҳои хориҷӣ вазъияти Душанберо орому босубот арзёбӣ мекунанд
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Зимни барномаи иттилоотии «Вести»-и шабакаи телевизионии Россия, ки нисфирӯзии 8-уми сентябр мустақиман пахш шуд, хабарнигори рус Александр Сладков вазъияти сиёсӣ, низомиву иҷтимоиро дар Душанбе орому осуда ва таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки шоми 5-уми сентябр байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ баргузор гардид, ки дар рафти он Президенти Россия баъди иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки Россия омода аст аз саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият дастгирӣ намояд.
Хотиррасон мекунем, ки чанд рӯз қабл гурӯҳи хиёнаткори Абдуҳалим Назарзода ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ҳамлаи мусаллаҳона содир кард. Бар асари ин амалҳои террористӣ 9 корманди мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, гурӯҳи ҷиноятпеша силоҳу аслиҳаи ҷангиро бо худ рабуда буд. Дар натиҷаи амалиёти муштараки ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратӣ то имрӯз 17 нафар узви гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода безарар ва 49 нафари онҳо боздошт гардида, миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Баръакси гузоришҳои ғаразнок ва иғвоангези баъзе доираҳои манфиатхоҳ вазъият дар Тоҷикистон орому осуда буда, тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат оғоз шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






