«Роҳи рушди Осиё» соҳибкорони эрониро ба Хатлон меорад

Сентябрь 16, 2015 06:17

Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-20 ширкати эронӣ маҳсулоти худро дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулоти саноатӣ, ки аз 19 то 23 сентябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтепа баргузор мегардад, ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
     Шараф Сангов- муовини мудири кулли Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ  дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки намоишгоҳ бо ибтикори  ширкати намоишгоҳии  «Роҳи рушди Осиё» -и Эрон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
        Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хуросони Разавӣ ва Ҳамадони Эрон  маҳсулоти хӯрокӣ, шириниҳои гуногун, қолинҳо, маводи мухталифи шустушӯӣ, инчунин таҷҳизоти муосирро ба намоиш ва фурӯш гузоранд.
      Бино ба иттилои  Шараф Сангов:  интизор меравад, ки дар доираи  баргузории намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони тоҷику эронӣ баргузор гардида, дар он масоили марбут ба таҳкими ҳамкории  иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон, ҷалби сармояи   ин кишвар ба рушди  иқтисоди вилояти Хатлон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, омӯзиши  фазои сармоягузорӣ ва дигар паҳлӯҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ хоҳанд гашт. Ҳамзамон дар назар аст, ки соҳибкорону тоҷирони  эронӣ аз бархе корхонаҳои истеҳсолии вилояти Хатлон боздид намоянд. 

 

Сентябрь 16, 2015 06:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад