Садамаҳои маргбори рӯзҳои истироҳатӣ
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ рӯзҳои истироҳатӣ дар ҳудуди кишвар садамаҳои автомобилӣ ба амал омаданд, ки боиси марги одамон шуданд. Аз ҷумла, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиелло», сокини 50-солаи ноҳияи Қумсангир, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ноҳияи Бохтар, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, зани тахминан 45-50-соларо пахш намуд. Пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Чорабиниҳо барои муайян кардани шахсияти фавтида идома доранд.
Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», зани 51-солаи сокини Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, автомашинаашро чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Рӯзи 13-уми сентябри соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2121», сокини 34-солаи ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард, аз самти деҳаи Чангоб ба самти деҳаи Арҷинаки ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада автомашинаро ба канори роҳ ба ҷарии 100-метр чаппа кард. Дар натиҷа, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашина, зани 35-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






