Сафар Ашур: Хиёнат ба Ватан асло нобахшиданист
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ман, собиқ намояндаи халқ, депутати Шӯрои Олии ҶТ (солҳои 1990-1995) вакили мардумӣ дар парлумон будам. Имрӯз нафақахур буда, даврони пирӣ меронам ва аз тинҷию оромии кишварамон, ҳамзамон аз осудагию осоиштагии мардум шукргузорӣ мекунам. Шахсан, ман шоҳиди он ҳастам, ки чӣ гуна кулфатҳо, рӯзҳои сангин ва ҳалокатборро мардуми мо паси сар кард ва сулҳи тоҷикон бо чӣ гуна душвориҳо ба даст омад. Аз ҳамин лиҳоз, ба шаҳрвандони азизи кишварам гуфтаниам, ки сулҳи бадастомада ва суботу оромии ҷойдоштаро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Аммо вақтҳои охир аз ҷониби шахсоне, ки ба қадри хизматҳои шоёни Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намерасанд ва нописандона рафтор намуда, ба тарафи Сардори давлат санг партофтанро оғоз намудаанд, нафрати ҳар як шахси худогоҳ ва умуман нафрати халқро ба миён меорад. Бубинед, Назарзода Абдуҳалим, ба ҳайати Ҳукумат шомил гардида, ба унвонҳо ва мансабҳои баланди ҳукуматӣ сарфароз гардонида шуд, ба рутбаи генералӣ сазовор дониста, ба мансаби муовини Вазири мудофиаи кишвар таъин гардид. Аммо ӯ ба қадри дастгирӣ ва эътимоди Ҳукумат нарасида, даст ба хиёнат зад.
Ғайр аз ин тибқи қонунҳои байналмиллалӣ ба роҳандозӣ намудани фаъолияти ҲНИТ дар кишвар иҷозат дода шуд. Ҳол он, ки дар ягон ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чунин ҳизби Исломӣ вуҷуд надорад. Вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи барқарории тинҷию-оромӣ, суботи давлат, сарфи назар аз он ки ин ҳизб қаблан кишварро ба ҷанги бародаркуш оварда буд, ба фаълолияти дубораи он иҷозат дод. Ҳизбе, ки замоне баста шуда буд, дубора ба фаъолияти худ шуруъ намуда, дар парлумони кишвар соҳиби намояндагони мардумии худ шуданд.
Аммо бо мурури замон аз ҷониби аъзоёни ин ҳизб ҷиноятҳои сангин содир гардид. Раиси ҲНИТ М.Кабирӣ ва аъзоёни он такрор ба такрор тарафдори тинҷии кишвар буданашонро иброз медоранд. Лекин нафароне, ки аз ҷониби мақомоти интизомии ноҳияи Исфара дастгир шудаанд, оё аъзоёни ин ҳизб набуданд? Ва ё дар ҳодисаҳои соли 2012-уми шаҳри Хоруғ аъзоёни ҲНИТ, сардори ячейкаи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Сабзалӣ Мамадризоев, Имомназар Имомназаров, сабабгори сар задани нооромиҳо Саодатшоҳ Адолатов аъзоёни кадом ҳизб буданд? Аъзоёни ҲНИТ буданд. Ба амалҳои анҷомдодаи аъзои Раёсати Олии ҲНИТ, раиси Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аъзои комиссияи интихоботӣ дар райъпурсӣ аз ҳисоби ин ҳизб Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, ки бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ба ҷазои ҷиноятӣ сазовор гардид, чӣ гуна бояд баҳо дод.
Воқеаҳои ҳафтаи гузашта маро низ ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ба изтироб андохт. Ба монанди зарбурмасале, ки «Ҳангоми расидани даҳони камбағал ба ош аз биниаш хун меояд» ба монанди ҳамин акнун халқ ба ҳаёти осоишта расида, як нафаси озод кашида буд, ки хиёнат аз ҷониби шахси баландрутба …. Ба вуқуъ пайваст. Чунин аъмоли зишт аслан нобахшиданист.
Амали аз тарафи собиқ муовини Вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ҳуҷум ба шуъбаи корҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Ваҳдат ва нооромиҳо дар гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе боз як бори дигар ҳамаи моро ба ҳушёр будан водор менамояд. Зеро ин хоинон аз боварии Ҳукумат ва аз мансабе, ки Ҳукумат ба онҳо бовар намуд, суистифода карданд. Ба қасами ҳарбӣ ва давлату миллат хиёнат карданд. Хиёнат ба Ватан дар ягон давру замон сафед намешавад.
Солҳои зиёд, ки дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолият кардаам, ҳаминро гуфтаниям, ки халқ ҳаматарафа аз сидқи дил ҷонибдори Ҳукумати конститусионӣ мебошад. Ҳаминро таъкид карданиам, ки ба ин рӯзҳои нек тинҷию оромӣ ва осудагии кишварамон ба ҷо овардани шукрона ҳам фарз аст ва ҳам қарз.
Сафар Ашур, собиқ намояндаи мардумии сесияи даъвати дуюм, иштироккунандаи сесияи 16-ум, нафақахур аз ноҳияи Рудакӣ.