Семинар бо иштироки мутахассиси ХБА

Сентябрь 22, 2015 06:47

Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — 19 сентябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони департаменту идораҳои бонк дар мавзӯи “Идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ” семинар баргузор гардид. Мутахассиси бахши молиявии Хазинаи байналмилалии асъор Винсент Флуриет маърӯза намуда, оид ба идораи самараноки захираҳо маслиҳатҳои муфид дода, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод.
Тибқи барномаи тасдиқшуда семинар аз ду бахш  “Идоракунии захираҳо бо назардошти хавфҳо” ва “Тақсимбандии стратегии захираҳо” иборат буд.
Дар семинар зикр гардид, ки мувофиқи тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба захираҳои байналмилалии БМТ, аз рӯи якчанд ченак, аз ҷумла қарзҳои кӯтоҳмуддати давлатӣ ва ҳаҷми пули миллӣ кофӣ ва мусбат арзёбӣ шудаанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ташкили захираҳо ҳадафҳои зерин: таъминнокии пардохтпазирӣ, идоракунии сатҳи қурби асъор бо мақсади коҳиши лаппишҳои он ва нигоҳ доштани муътадилии қурби пули миллӣ дар мадди аввал меистанд.
Дар қисми дуюми семинар иштирокдорони он оид ба ҷой доштани хавфҳои асъорӣ, бозорӣ, қарзӣ, пардохтпазирӣ, амалиётӣ ва ҳуқуқӣ дар идоракунии захираҳо муҳокимаронӣ намуда, паҳлӯҳои гуногуни хавфҳоро баррасӣ карданд.  
Семинари мазкур ба ташкили  ҳамкории зичу судманд бо ташкилоти бонуфузи молиявӣ мусоидат менамояд. Иштирокдорони семинар дар самти рушди дарозмуддат ва самаранокии идоракунии захираҳои байналмилалӣ пешниҳодҳоро қабул карданд.
 

 

Сентябрь 22, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!