Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳафт ганҷи Истиқлолият»
Душанбе, 07.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Истиқлолият семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур директори Марказ Баротзода Файзулло гузориши илмӣ-таҳқиқотиро дар мавзўи «Ҳафт ганҷи Истиқлолият» пешниҳод намуда, дар он таҳлили муқоисавии дастовардҳои даврони Истиқлолият, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз лиҳози амалӣ дар давраи бархўрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ гирд оварда аст.
Мавсуф дастовардҳои даврони Истиқлолиятро ба ҳафт нуқтаи асосӣ шарҳу тафсир намуда, пайванди байниҳамдигарии онҳоро пайванди умумии ҷомеа ва омили рушди он арзёбӣ кард.
Зимни табодули афкор кормандони Марказ дар бораи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва пешрафти илму техника, такмили қонунгзории кишвар ва ҷанбаҳои дигар суханронӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






