Шарифов Саидмурод: «Надонистам, ки саг хун мехӯрад, хунхор мегардад»
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мо тоҷикони муқими Қазоқистон аз он мефахрем, ки дар харитаи ҷаҳон кишваре ҳаст бо номи Тоҷикистон ва мо бо сарбаландӣ ниёгони худро зодагони ҳамин марзу бум медонем. Ифтихор аз он дорем, ки ворисони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хоразмиву Берунӣ, Форобиву Умари Хайём ва дигар мутаффакирони барҷаста ҳастем, ки эҷодиёташон дар ҷаҳон назир надорад. Бинобар ҳамин, ҳар як намояндаи миллат новобаста аз он, ки дар кадом гӯшаву канори олам ҳаст, ҳуқуқ дорад аз фарҳангу тамаддуни гузаштагони хеш ифтихор карда, нагузорад, ки нохалафе номи ин миллату ин марзу бумро доғдор кунад.
Чун имрӯз дидем, ки баъзе номардоне пайдо шуданд, ки мехоҳанд Тоҷикистони азизро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ ва қатлу ғорат тела диҳанд, худро бетараф гирифта натавонистем. Хиёнати ноҷавонмардонаи Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашро дида, кас дар тааҷҷуб меафтад ва беихтиёр ин мисраъҳо ба ёд меоянд:
Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,
Надонистам, ки саг хун мехӯрад, хунхор мегардад.
Ин нафар, ки узви фаъол ва обрӯманди Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буд, вазифа, рутбаи баланди ҳарбӣ, сарвату дороии зиёд дошт, худро ҳоҷӣ ва шахси ботақво меҳисобид, ба осонӣ ба миллату Ватани худ хиёнат намуд. Фикр накард, ки ҷинояти содиркардаи худ сабаби рехтани хуни ноҳақи бегуноҳон мегардад.
Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрвандони бофарҳангу ватандӯсти он даъват ба амал меорем дар мубориза ба муқобили душманони миллат ва хоинон қотеъ бошанд, ба ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ ва манфиатҷӯ ба монанди Ҳизби наҳзати ислом иҷозат ва имконияти як рӯз ҳам идома додани фаъолияти ғаразнокро надиҳанд.
Шарифов Саидмурод Музафарович,
роҳбари Асотсиатсияи фарҳангӣ-ҷамъиятии
тоҷикони Қазоқистон «Сомониён»








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






