Шикояти Д. Мелиқулова нисбат ба кирдорҳои ғайриқонунии Б. Ёров
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавассути телефони боварии ВКД (221-21-21) муроҷиати навбатӣ нисбат ба ҳаракатҳои ғайриқонунии адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров Бузургмеҳр Равшанович ворид гардид.
Муайян карда шуд, ки Б.Р. Ёров бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013, ба боварии шаҳрванд Мелиқулова Дилбар Донаевна, сокини ноҳияи Файзобод, кӯчаи Сино, хонаи №13 даромада, изҳор кардааст, ки метавонад баҳси шаҳрвандии дар Суди ноҳияи Файзобод баррасишавандаро ба фоидааш ҳал намояд.
Аз Д.Д. Мелиқулова дар маҷмӯъ ба маблағи 2800 (ду ҳазору ҳашт сад) доллари амрикоӣ гирифта, дар мурофиаи суди гражданӣ иштирок накарда, маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати худ сарф намудааст.
Аз рӯи далели мазкур нисбат ба гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр Равшанович парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки агар Б.Р. Ёров бо чунин роҳ бо кирдорҳои ғайриқонунии худ аз онҳо маблағ ситонида, ё ба онҳо зарар расонида бошад, метавонанд ба телефони боварии ВКД ҶТ 221-21-21 ва телефонҳои 221-01-49, 222-15-09 занг зананд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






