Сиёсатшинос: Раисии Тоҷикистон ба СААД барои тавсиаи рушди кадрии сохторҳои низомӣ мусоидат мекунад!

Сентябрь 15, 2015 07:40

        Душанбе, 15.09.20015. (АМИТ «Ховар»).- Имсол  раисии СААД-ро Тоҷикистон ба уҳда дорад. Аз ин рӯ  чунин мавқеъ барои кишвари мо дар самти амалӣ гаштани ҳадафҳои  Тоҷикистон дар  Созмон, ҳамчунин таъмини амнияти кишвари мо афзалият ва имкониятҳои зиёд хоҳад дод. Бахтиёр Холиқов- корманди  Раёсати  сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар робита ба ин масъала гуфт, ки  раисии Тоҷикистон дар СААД пеш аз ҳама барои такмили сохторҳои низомии мамлакат  имкониятҳои нав медиҳад: « Раисии Тоҷикистон  дар СААД пеш аз ҳама  имкон медиҳад, ки таҳдидҳои мавҷударо ошкор намуда, ба кишварҳои аъзо расонад, ки хусусиятҳои  таҳдидҳои имрӯз дигар шудаанд ва бояд бо онҳо дастаҷамъона мубориза бурд. Ҳамчунин барои Тоҷикистон имконияти бузург аст, ки  дар чаҳорчӯби созмон рушди кадрии қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои низомиро тавсиа бахшида, дар доираи  зарфиятҳои бузурге, ки кишварҳои ин созмон доранд, аз қабили  имкониятҳои техникӣ ва технологияи нав ва касбияти онҳо табодули таҷриба намоянд»,-иброз дошт номбурда.
 Сиёсатшиноси кишвар Бахтиёр Холиқов афзуд, ки дар солҳои охир нақши СААД ба тадриҷ рӯйи кор омад. Ба гуфтаи номбурда хатарҳои ҷаҳониву минтақавӣ, аз қабили терроризму экстремизм акнун хусусиятҳои нав ба худ касб карданд, зеро чолишҳои террористие, ки чандин солҳо минтақаро таҳдид мекарданд, аллакай ошкор гардиданд.: «Аммо масъалаи асосие, ки  ҳоло  сарони кишварҳои аъзои СААД бояд ба он диққати махсус диҳанд, ин коркарди  механизмҳои нав барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои иртиҷоии ба ном «Давлати исломӣ», ки падидаи нави хатарзоянд, ба шумор меравад»-,афзуд Бахтиёр Холиқов.
         Бояд гуфт, ки дар айни замон дар доираи СААД барои барқарор кардани ҳамкорӣ бо ташкилоти маъмул, чун СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, Созмони Конфронси Исломӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 2 декабри соли 2004 Маҷмаи Умумии СММ дар бораи додани мақоми нозир ба СААД қатънома қабул кард. 18 марти соли 2010  Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ миёни Котиботи СММ ва Котиботи СААД ба имзо расид. Бо мақсади муттаҳид ва ҳамоҳанг кардани талошҳои кишварҳои аъзои созмон барои густариш ва такмили минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба моҳи июни соли 2005 Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД таъсис дода шуд. Моҳи ноябри соли 2006 Ассамблеяи Парлумонии СААД таъсис ёфт. Дар доираи СААД равишҳои ягона, ки дар Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм таҷассум ёфтаанд, амалӣ мешаванд.  

 

Сентябрь 15, 2015 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!