Сокинони маҳаллӣ 18 аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир карда, ба мақомот супориданд
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки то имрӯз 18 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори Назарзода Абдуҳалим (ҳоҷӣ Ҳалим) аз тарафи мардум дастгир гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуданд. Инчунин аз ин гурӯҳи ҷинояткор бо кӯмаку дастгирии аҳолӣ 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Бо мадад ва дастгирии шаҳрвандон 7 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур ихтиёран худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Шахсоне, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир намудани аъзои гурӯҳи ҷинояткори Назарзода А. ҳамкорӣ намуда, барои дарёфт ва супоридани яроқу аслиҳа кӯмак намуданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қадрдонӣ карда мешаванд.
«Бори дигар таъкид менамоем, ки шахсоне, ки барои дастгир намудани аъзои гурӯҳ кӯмак менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда, хабар медиҳанд, ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд», — омадааст дар хабари ВКД ҶТ.
Хотирнишон мекунем, ки амалиёти муштараки сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат барои безараргардонии гурӯҳи террористии Назарзода А. идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






