Суғд: ҷавони 26- сола бо гумони даллагӣ дастгир шуд

Сентябрь 16, 2015 06:19

Душанбе, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бино ба иттилои ВКД, кормандони милитсия марди 26-сола,  сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун  гумонбар дар даллагӣ дастгир карданд. Гумонбаршуда 27 август дар назди бинои маркази дилхушии “Опера”,  воқеъ  дар  кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд ду мардеро, ки доғи судӣ дошта, сокинони ноҳияи Ғончӣ мебошанд, бо ҷавондухтари 19-сола, сокини ноҳияи .Б.Ғафуров барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 100 сомонӣ муқофотпулӣ гирифтааст.             
Ҳамчунин дар вақти гузаронидани  чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ зани 39-сола, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов низ бо гумони даллагӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  дастгир шуд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 15-уми сентябри соли равон дар назди кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Ҷ.Расулов марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо зани 30-сола, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос намуда, аз онҳо 80 сомонӣ муқофотпулӣ  гирифтааст. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ  оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

 

 

Сентябрь 16, 2015 06:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад