Таҷлили ҷашни Истиқлол дар майдони назди шаршара
Душанбе, 08.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатиро дар пойтахт тасдиқ намуд. Тибқи он базмгоҳи асосии таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» таъйин шуд. Дар ин ҷо шоми 9 сентябр аз соати 18:00 барномаи идонаи консертӣ, инчунин ҳунарнамоии устодони санъат, дастаҳои ҳунарӣ ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад.
Аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 9 сентябр аз соати 10:00 дар боғҳои фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони «800 солагии Москва» барои истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши маҳсули дастони ҳунармандон, маҳсулоти саноатӣ, намоиш -фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ, шириниҳои идона ва таомҳои миллӣ ташкил карда мешавад. Дар ин боғҳо бо мақсади хотирмон гузаштани сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳунармандони ансамблҳои «Гулшан», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Лола», «Сомон», инчунин овозхонҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо барномаи идонаи консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






