Тайёраҳои ҚҲҲ Австралия бори нахуст мавқеъҳои ДИ — ро мушакборон карданд
Душанбе, 16.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайёраҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Австралия бори нахуст мавқеъҳои ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» — ро дар қаламрави Сурия мушакборон карданд. Дар ин бора вазири мудофиаи кишвар Кевин Эндрюс хабар дода, зикр намуд, ки дар амалиёти қувваҳои эътилоф ду тайёраи қиркунанда ва бомбаандози «Хорнет» — и Австралия ширкат доштанд.
Дар бораи тасмими Австралия дар мавриди бомбаборон намудани мавқеҳои ДИ дар қаламрави Сурия рӯзи чоршанбеи гузашта хабар дода шуд. Алҳол ҳашт тайёра ва гурӯҳи Қувваҳои ҳарбии хавоии Австралия (қариб 400 нафар) дар пойгоҳи низомии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Минҳади Аморати Муттаҳидаи Араб қарор доранд.
12 сентябр тайёраҳои ҷангии Австралия бори нахуст сарҳади хавоии Сурияро убур карда, вале дар он рӯз ба мавқеъҳои душман ягон зарбае назада буданд. Онҳо аз ин пеш зидди силоҳбадастони «Давлати исломӣ» фақат дар қаламрави Ироқ мубориза мебурданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






