Таваҷҷуҳ ба содироти меваю сабзавоти хуштамъи Тоҷикистон ба Чин дар мулоқоти Э. Раҳмон бо Л. Шиюй

Сентябрь 2, 2015 02:41

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 2 сентябр дар қароргоҳи Дяоюйтайи шаҳри Пекин  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин Лю Шиюйро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфузи Чин баррасӣ гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин  изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки сол то сол муносибатҳои дӯстию ҳамкории мо сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои навро касб менамоянд ва иштироки фаъоли Бонки кишоварзии Чин дар баробари дигар ниҳодҳои молиявию иқтисодии чинӣ дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки кишоварзии Чин дар асоси созишнома “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз 13 сентябри соли 2014 бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ баимзорасида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас, аз ҷумла дар чаҳорчуби ҳамкорӣ бо Маркази сармоягузорӣ ҷалби мутахассисону коршиносони бахши бонкдории тоҷик дар машваратҳои омӯзишӣ дар Чин, маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар тадбирҳоро амалӣ кардааст.

Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дар доираи ҳамкории миёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Агроинвестбонк бо маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Чин масъалаи омода намудани барномаҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди ҳамкориҳои судманди Бонки кишоварзии Чин бо дигар бонкҳои Тоҷикистон, бахусус бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонкро низ зарур шуморид.

Таваҷҷуҳи махсус ба содироти меваю сабзавоти хуштамъи кишвари мо, аз ҷумла гелоси Тоҷикистон ба Чин зоҳир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба хотири рушди ҳамкориҳои судбахш баррасӣ шуд.

Сентябрь 2, 2015 02:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад