Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «JATA Tourism Expo 2015» дар Токио
Душанбе, 25.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25-27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Токио Намоишгоҳи cолонаи байналмилалии туристӣ «JATA Tourism Expo» баргузор мегардад. Намоишгоҳ аз ҷониби Ассотсиатсияи агентиҳои туристии Япония (JATA) ва бо дастгирии Ҳукумати Япония таъсис дода шудааст ва яке аз калонтарин ва машҳуртарин намоишгоҳҳои туристии ҷаҳон ба шумор меравад.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Япония хабар доданд, соли гузашта 1129 ширкату ташкилотҳои сайёҳии 151 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз 157000 нафар тамошобинон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма аз намоишгоҳи зикргардида дидан намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ин бори аввал мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо павилиони махсуси алоҳида иштирок хоҳад кард.
Аз сабаби иштирок карда натавонистани ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоиш, Сафорати Тоҷикистон дар Япония тасмим гирифтааст, то имкониятҳои васеи сайёҳии кишварамонро ба ширкатҳои туристӣ ва мардуми Япония муаррифӣ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






