Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД аст
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як зумра тадбирҳо оид ба мукаммал намудани фаъолият дар доираи СААД ба нақша гирифта шудаанд. Бахусус, инҳо тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзо ва густариши ҳамкорӣ миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ аст. Ба назари мо, зарур аст, ки СААД бо Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ҳадафҳои ҳамсон доранд, робитаро густариш бахшад, ки ин ба ҳамоҳангӣ ва мувофиқаҳое, ки дар сатҳҳои гуногуни кӯшишҳои амниятӣ андешида мешаванд, мусоидат мекунад», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки зарур аст минбаъд низ имкониятҳоро таҳким бахшида, низоми оинномавӣ ва кории созмонро мукаммал созем, то онҳо дар ҳар лаҳза омодаи истифодаи тамоми таҷҳизот дар ҳолати зарурӣ бошанд.
«Ҳуҷҷатҳои барои имзо омоданамудаи коршиносони мо ба ҳалли ин ва дигар ҳадафҳо равона шудаанд, ки онҳоро мо ҷонибдорӣ мекунем», — зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






