Ваҳдати миллӣ – иродаи халқ аст
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Сиёсати соҳаи маорифи кишвар пеш аз ҳама ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, эҳтиромгузорӣ ба беҳтарин арзишҳои фарҳангию ахлоқии аҷдодӣ ва истифодаи онҳо баҳри ташаккули миллат бояд равона бошад.
Бо фарорасии Истиқлолият Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Соли гузашта ҷиҳати пешрафти соҳа беш аз 2,5 млрд. сомонӣҷудо гардида, соли равон ба ин хотир ҷудо намудани 3 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. То ба имрӯз дар кишвар 2254 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шудааст.Ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда, бевосита тавассути дастгирии давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Ҳамасола шумораи донишҷӯён зиёд мешавад. Дар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шумораи 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло дар мамлакат 38 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо қариб 170 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Агар дар соли 1992 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро ҳамагӣ 10 ҳазор нафар хатм карда бошанд, пас ин рақам дар соли 2014 ба 31 ҳазор нафар расидааст.
Солҳои охир истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иҷтимоӣ тавассути расонаҳои электронӣ васеъ гардидааст. Ҳарчанд ин раванд ба рушди зеҳният ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба таври мусбат мусоидат карда истодааст, вале аз ҷониби дигар, омили пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ гардидааст.
Низоъҳои имрӯза бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ паҳн шуда, боиси шиддат гирифтани бархӯрдҳои фоҷиабор дар ҷаҳон гардида истодаанд. Чунин вазъ аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос зираку масъулиятшинос будан ва ба қадри Ватан расиданро талаб менамояд.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир паҳншавии фарҳанги бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида мегардад. Таъсири нооромиҳо ба вайроншавӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегонаю либос оварда, боиси суст гардидани таълиму тарбия дар мактабҳо, тағйир ёфтани муносибати ҷавонон ба арзишҳои миллию маънавӣ ва хусусан арзишҳои дунявӣ мегардад. Ин масъалаи ниҳоят ҷиддӣ аст ва метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад.
Бинобар ин, вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст он аст, ки якҷоя бо кормандони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида, барои гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳодисаҳои рўзҳои охир, ки боиси халалдор гардидани оромию субот дар ҷомеаи мо гардиданд, як зуҳуроти нодидагирӣ ва кўрдилии бархе аз ашхоси хиёнаткоре ба шумор мераванд, ки аз дастовардҳо ва нуфузу эътибори ҷумҳурии мо дар арсаи байналмилалӣ норозӣ ҳастанд. Таъсири ин амали бадкирдоронаи генерали хиёнаткор ба тамоми ҷомеа, аз ҷумла ба тафаккури ҷавонон мерасад. Хусусан барои раванди таълиму тарбия фазои орому осоишта лозим аст, зеро ҷавонон қишри аз ҳама фаъол, зудҳаракат ва ҳассоси ҷомеа мебошанд, ки ба ҳама гуна ҳодисаҳо таваҷҷуҳ мекунанд ва ҳар як ҳодиса метавонад боиси парешонхотирии онҳо гардад. Аз ин рў, ин амалҳои генерали хиёнатпеша бо номи “Ҳоҷӣ Ҳалим” имрўзҳо дар забони ҷавонон бештар мавриди суҳбату баҳсҳо қарор гирифтааст ва хушбахтона, ҷавонони мо ин кирдори ўро маҳкум менамоянд ва онро чун як падидаи душманона ва бар зидди давлату миллати тоҷик арзёбӣ мекунанд.
Аз Ватани азизи худ шукргузор бошем, зеро ватандорӣ ин як ҳисси ифтихор мебошад. Ҳар яки мо бояд ба қадри Ватани азизи худ бирасем ва доимо кӯшиш кунем, ки Тоҷикистонро ободу пешрафта гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем, зеро вайрон кардан дар як муддати кӯтоҳ ба амал меояд, лекин созандагӣ ва ободонӣ кори саҳл нест, он заҳмат, маблағ ва вақти зиёдеро талаб мекунад. Бояд ҷавононро дар рӯҳияи созандагӣ тарбия намоем, на сӯзандагӣ. Ҷавонон бод хуб дарк намоянд, ки то заҳмат накашанд, илму дониш наомӯзанд, соҳиби касбу ихтисосе нашаванд, ояндаи худ, оилаи худ ва давлату ҷомеаро обод карда наметавонанд.
Аҳмадова Ҳикматой Неъматовна
сармутахассиси Раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон