ВКД: 13 узви дастаи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим кушта ва 32 нафараш ба даст афтоданд. Хабари ҳалокати 33 корманди сохторҳои қудратӣ асос надорад
Душанбе, 05.09.2015. (НИАТ «Ховар»). — Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки хабари дар сомонаи «Азия-Плюс» ва чанд расонаи хориҷӣ паҳнгашта дар бораи он, ки гӯё дар ҷараёни ҳодисаҳои рухдода 33 нафар кормандони ВКД ва Вазорати мудофиа ба ҳалокат расидаанд, асоси воқеӣ надорад ва аз тарафи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳам чунин иттилоот дода нашудааст.
Гузашта аз ин, аз маркази матбуоти ВКД хабар медиҳанд, ки амалиёти якҷояи ВКД, КДАМ, ВМ ва дигар сохторҳои қудратӣ идома дорад. Дар натиҷа, то ин ҳолат 13 узви гурўҳи ҷинояткори Назарзода А.М. нобуд гардида, 32 нафараш дастгир шудаанд. Аз ин гурўҳ зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира карда шуд. Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои тамғаҳои гуногуни «ҶИП» ва «Седан» дарёфт карда шуд.
Худи Назарзода Абдуҳалим бо ҳамроҳии 7-8 нафар ҳаммаслаконаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон шудааст. Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиёт барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад.
Бародари Назарзода А.М., Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич, соли таваллудаш 1972, ихтиёран худаш аз ин гурўҳ ҷудо шуда, ба ВКД ҳозир шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Бояд қайд кард, ки ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳонаи ин гурӯҳи ҷинояткор 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расида, 6 кас ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштанд.
Вазъият дар ҷумҳурӣ тинҷу ором буда, таҳти назорати қатъии мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






