Вохӯрии муовини Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Қирғизистон дар Берлин
Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ “Ховар”). Чанде пеш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар доираи Конфронси «Об ва муносибатҳои накуҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ» бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, нақши конфронси мазкурро, ки дар чаҳорчӯбаи ташаббуси Олмон бо номи «Раванди Берлин» доир мешавад, дар ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати ҳалли масоили об муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин таваҷҷӯҳи зиёд ба баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба зоҳир гардид. Ҷонибҳо зарурати рушди рӯзафзуни муносибатҳоро дар партави мувофиқатҳои роҳбарони олии ду кишвар таъкид намуда, онро ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






