Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Котиботи давлатии Швейтсария оид ба корҳои иқтисодӣ
Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 сентябри соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ.Ҳомидов бо сардори Раёсати муносибатҳои дуҷонибаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба корҳои иқтисодӣ, Ливиа Леу баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, инчунин дурнамои рушди тиҷорати байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсарияро баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон инчунин оид ба ҷараёни амалигардонии бандҳои Протоколи Ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва савдо байни Тоҷикистону Швейтсария, ки дар соли 2013 баргузор гардида буд, мубодилаи афкор намуда, масъалаҳоро доир ба баргузории Ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






