Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стэнли Филпоттро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дурнамои рушди минтақа, аз ҷумла чорабинии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳамоиши навбатии СММ рӯзи 27 сентябри соли равон дар ш. Ню-Йорк баргузор менамояд, мавриди баррасӣ қарор доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






