Вокуниши ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо
Вокуниши ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТдар робита ба изҳороти Прокуратураи генералӣ аз таърихи 17.09.2015
Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар таърихи 18.09.2015 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ѓайринавбатии ходимони илмӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа матни изҳороти Прокуратураи генералӣ аз таърихи 17.09.2015 оид ба ҳодисаҳои нимаи аввали моҳи сентябр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштироккунандагон якдилона ин гуна қонуншиканиҳоро маҳкум намуданд.
Директори Институт профессор Л.Саидмуродов, академик Н.Қаюмов, узви-вобастаи АИ ҶТ С.Исломов, профессор А.Мирсаидов ва раиси созмони ҷавононС.Маҷидова дар баромадҳои худ зикр намуданд, ки олимони соҳаи иқтисодиётдар таҳқиқотҳои илмии худ бо таҳлили васеи таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии берунӣ ва дохилӣ машѓуланд ва дар ин самт нигоҳ доштани сулҳу суботи сиёсиро дар ҷомеа ва дар фаъолияти субъектҳои иқтисодии кишвар аз нуқтаи назари илмӣ зарур мешуморанд. Инчунин таъқид карда шуд, ки иқтидори илмииИнститутро барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки кишвар равона менамоянд.
Қайд карда шуд, ки давлати имрўза барои ба зуддӣ барқарор кардани вазъи сиёсии кишвар ба пуррагӣ иқтидорилозимӣ дорад, вале барои барқарор намудани суботи иқтисодӣ ва фазои сармоягузории кунунии кишвар, ки дар натиҷаи нооромии сиёсӣ метавонад ноустувор гардад, даҳсолаҳо лозиммешавад.
Дар Паёми Президенти кишвар дар соли 2015 қайд карда шуд, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа,Тоҷикистон дар соли 2014 тавонист рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро мутобиқ ба ҳадафҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ таъмин намояд.Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки тавассути таҳлилу таҳқиқотҳои илмии худ мардумро ба ҳимояи сулҳу субот,оромӣ ва риояи арзишҳои ахлоқӣ дар фаъолияти ҳоҷагидорӣдаъват намоем.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






