Як сайёраи хурди системаи офтоб Тоҷикистон номгузорӣ шуд
Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар рафти ҷамъомади тантанавии Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷараён дорад, мужда расонда шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрофизикон як сайёраи хурди системаи офтобӣ ба хотири саҳми намоёни олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.
Шаҳодатномаи Тоҷикистон номгузорӣ шудани ин сайёра аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Тазаккур дода шуд, ки мадори сайёраи Тоҷикистон дар миёни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, аз сайёраи Замин дар масофаи 250 миллион км ва аз Офтоб дар масофаи 463 миллион км дурӣ чарх мезанад. Як бор дар гирди Офтоб давр задани сайёраи Тоҷикистон 5 сол давом меёбад.
Ҳоло сайёраи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда, олимони тоҷик ба омӯзиши хосиятҳои физикиву химиявӣ ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин қадршиносӣ аз саҳми олимони тоҷик дар астрофизикаи ҷаҳон баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки чунин дастоварди пурарзиш олимону муҳаққиқони моро ба корҳои боз ҳам намоёну манфиатбахш ба нафъи давлату миллат ва аҳли башар водор месозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






