Ёвон: таъмири асосии 1,8 км роҳи мошингард

Сентябрь 16, 2015 06:27

Ёвон, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон 224,6 км роҳҳои мошингардро нигоҳдорӣ ва таъмир менамояд, ки аз ин 70,8 км роҳ аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, 70,8 км роҳҳои асфалту бетонӣ ва 153,8 км роҳҳо дорои аҳамияти маҳалӣ  мебошанд.
 Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард ба муассисаи мазкур дар ин муддат аз буҷаи маҳаллӣ 330 ҳазор ва аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 163 ҳазор сомонӣ пардохт гардида, бо истифода аз ин маблағ 910 тонна омехтаи мумқир тайёр ва  150 тонна асфалт харид шудааст.  
Дар 52 км роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ корҳои таъмири ҷорӣ ва дар 1,8 км таъмири асосӣ гузаронида шуданд. Инчунин дар ин давра дар ҳаҷми 1560 метри квадратӣ корҳои тоза намудани қубурҳои об ва селпарто гузаронида шуда, 37 аломати роҳ аз нав таъмир ва иваз карда шуд.

 

Сентябрь 16, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад