Зиҷинг дар Тоҷикистон 2 полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд мекунад

Сентябрь 2, 2015 03:06

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони корпоратсияи коркарди тиллои Зиҷинг майнинг Чэн Ҷинхэ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки  «Зарафшон” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» моҳи августи соли 2007 таъсис ёфта, то имрӯз ба муваффақиятҳои калони истеҳсолию технологӣ ноил гардидааст.

Ширкати «Зиҷинг Майнинг» аз соли 2007 то 1 январи соли 2015 дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» зиёда аз 277 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуда, аз ҷумла техникаю технологияи навтарини соҳаро ворид намудааст.

Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд ва уҳдадор шуданд, ки новобаста ба мушкилоти бӯҳронӣ корхона ояндаи наздик 2 адад полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони Тарор истихроҷи маъданро ба роҳ мемонанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо истифода аз технологияи муосир ва самаранок истифода бурдани канданиҳои фоиданок, соли равон  дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» истеҳсоли маҳсулоти нав — хокаи мис ба роҳ монда шуд. Қаблан маҳсулоти мазкур дар омехтагӣ ба полоишгоҳ партофта мешуд. Оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ сохта мешавад.

Ҳамчунин ба итмом расонидани Асосноккунии иқтисодию техникии кони Ҷилав ва ба истифода додани коргоҳи нави заршӯи бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарӯз дар назар аст.

Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016 то ба 1,5 млрд. сомонӣ хоҳад расид ва аз ин ҳисоб 500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.

Ҳоло дар ин корхона 2260 корманд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва 52 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Дар соли равон корхона истеҳсоли 2800 кг тилло ва 220 кг нуқраро ба нақша гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои соли 2014  — 131,6 фоиз зиёд аст.

Сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ корхонаи Зарафшон аз соли 2009 ба ин сӯй бо фоида фаъолият дорад.

Сентябрь 2, 2015 03:06

Хабарҳои дигари ин бахш

17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад